Дар замони халифа Ҳорун-ар-Рашид валие зиндагӣ мекард, ки ӯро Баҳлӯли Доно меномиданд. Он марди ориф бо рафторҳои аҷибаш мақсаднок атрофиёнро дарси ибрат медод. Аз ин сабаб аксарият ӯро девона мехонданд. Ҳол он ки девонаи аслӣ атрофиёнаш буданд. Онҳое, ки худро олудаи машғалаи бесамари дунявӣ карда буданд.
Баҳлӯли Доно доим дар назди халифа Ҳорун ҳозир буд. Аз ин рӯ бо василаҳои гуногун ӯро аз хатокориҳояш огоҳ мекард. Ҳамин тавр рӯзе Баҳлӯл сару либосаш чанголуд ба назди Ҳорун-ар-Рашид меояд. Халифа аз ин ҳолаш ба ҳайрат омада, ӯро суол мекунад:
– Ин чӣ ҳол аст, Баҳлӯл? Аз куҷо меоӣ?
– Аз дӯзах меоям, эй султон!
– Дар дӯзах чӣ кор доштӣ?
– Оташ лозим шуд, барои ҳамон ба дӯзах рафтам.
– Хӯш, ин тавр, ки бошад аз дӯзах оташ гирифта тавонистӣ?
– Не, султонам! Гирифта натавонистам. Бо посбонони дӯзах сӯҳбат кардам, онҳо гуфтанд, ки “аслан дар худи дӯзах оташ мавҷуд нест, онро ҳама аз дунё бо худ меорад!”
One Comment Add yours