Одатан, вақто аз касе ҷиҳати бартараф кардани чарбуи бадан ва хароб шудан маслиҳат мепурсед, бештар машқҳои ҷисмониро тавсия мекунанд. Ҳол он ки аз нигоҳи коршиносон барои халосӣ аз вазни зиёдатӣ пеш аз ҳама ба истеъмоли ғизои рӯзмарра, витамин ва реҷаи хоб диққат бояд дод.
Барои харобшавӣ аз диета дида бештар таомҳои дорои ғизонокияш баланд, калорияи паст ва тӯли рӯз шуморо сер нигоҳдоранда истеъмол кунед. Тадқиқот нишон медиҳад, ки нафарони бештар зери ҳолати стрессӣ қарордошта, баданашон чарбуи зиёд мегирад. Ба онҳо тавсия дода мешавад, ки реҷаи хобро ба низом дароранд. Барвақттар хоб карда, барвақттар аз хоб бедор шаванд. Илова ба ин чунин нафарон бештар ғизоҳои табиӣ ва таркибашон аз протеин ғанӣ истеъмол намоянд.
Агар касбу кор ва машғалаи рӯзмарраатон саримизӣ бошад, ҳадди ақал ҳангоми зангҳои телефонӣ аз ҷой бархезед. Дар давоми рӯз 6 истакон оби хунук нӯшед ва ҳангоми хӯрокхӯрӣ қаланфур низ истеъмол намоед. Наҳориро тарк накунед. Чою қаҳва нӯшед. Бештар гӯшти бечарбу, лӯбиё, моҳӣ, себ, банан, авокадо ва тухм хӯред.
Саломат бошед!
–таҳияи Достиев Неъмат