Ҳоло дар фасли зебои зимистон қарор дорем. Ин фасл дар баробари зебоӣ мушкилҳоро низ дар худ дорад. Бемориҳои зуком ва шамолхӯрӣ метавонанд тамоми мавсим табъи хуш ва саломатиятонро беҳузур кунанд. Агар хоҳед, ки аз мушкилиҳои мавсимӣ ранҷ набаред, қаблан чораҷӯӣ намоед. Чунин чораҷӯиро дар муҳити хонавода низ ба ҷой овардан мумкин аст. Агар кас шамол хӯрад ва ё гирифтори бемории зуком гардад, табибон аз ҳама беш истеъмоли нӯшокиҳои ситрусӣ ва масунияти организмро тақвиятдиҳанда тавсия медиҳанд. Ва яке аз чунин чораҷӯиҳои муассир ҳангоми гирифтори бемориҳо, тановули шӯрбои мурғӣ бо лиму мебошад. Ин ғизо ҳаракати нейтрофилҳоро боз дошта, таъсири зиддиилтиҳобӣ мерасонад.
Нӯшидани моеи зиёд ҳамчун об, шарбат, шӯрбои гуштиву мурғӣ, ё нӯшобаи иборат аз об, асал ва лиму ташнагиро бартараф намуда, гирифтагии биниро мекушоянд. Бемор бояд аз нӯшидани қаҳва ва нӯшокиҳои кофеиндор, ки боиси кам шудани оби бадан мегарданд, худдорӣ намояд.
Ҳамчунин табибон барои нафароне, ки гирифтори бемории зуком гардидаанд, ба як истакон оби гарм ним қошуқ намак илова карда ғар‐ғар карданро тавсия медиҳанд. Чунин амал дарди гулӯро таскин мебахшад. Аз спрейҳои махсуси табобатӣ барои бинӣ ва обҳои уқёнусӣ, ки дар дорухонаҳо бе дорухат фурӯхта мешаванд, метавонед истифода баред. Аз нигоҳи табибон истифодаи онҳо барои кӯдакон ҳам безарар аст. Вале қабл аз сар кардани табобати кӯдакон, ҳатман бо табиб машварат намоед. Дар чунин ҳолат ба ҳеҷ ваҷҳ ба кӯдакон асал надиҳед.
– таҳияи Достиев Неъмат
2 Comments Add yours