Хамир: 150 гр шоколади сиёҳ (60%-70% какаодор), 2 дона тухм, 100 гр равғани маска, 85 гр шакар, 100 гр орд, 150 гр хурмои арабӣ;
Зарфи махсуси росткунҷа барои пухтупаз (10х20 см); дохили зарфро бо равған молида, какао бипошед;
1. Хурмоҳоро ба зарфе ҷой карда аз болояшон оби ҷӯш резед ва ба як сӯ барои 20 дақиқа нигоҳ доштан гирифта монед. Баъд хурмоҳоро аз донак тоза карда, ба комбайн андохта то фирнӣ (пюре) шудан майда кунед.
2. Шоколадро дар зарфе об карда, барои хунук шудан ба як сӯ гузоред.
3. Ба як зарф равғани маска, шакар ва фирнии хурморо андохта, бо суръати баланди миксер то ранги сафеди кушод гирифтан ҳамаро лат диҳед.
4. Бо навбат ду тухмро илова карда, боз ҳамаро лат диҳед.
5. Акнун шоколадро рехта, боз ҳам то ҳамвор шудани махлут лат диҳед.
6. Ба махлут орд илова карда, бо суръати нисбатан пасттари миксер аралаш кунед. Баъдан хамирро ба зарфи пухтупаз резед.
7. Зарфи пухтупазро бо хамир ба дохили тафдон гузошта, муддати 40 дақиқа дар дараҷаи 170 °С пазед. Пухта расидани кексро бо дандонкобак ва ё гӯгирдчӯб санҷед.
Бо иштиҳои том!
– Ирина Чадеева, “Пироговедение для начинающих”
2 Comments Add yours