Равғани чормағз барои организми инсон ғизои нерӯбахш буда, барои барқароршавии фаъолияти солими организм баъд аз гузаронидани ҳаргуна бемориҳо ва ҷарроҳӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин чормағз дар таркибаш моддаҳоеро доро аст, ки таъсири хуби эҳёшавии ҳуҷайраҳоро дорад. Баъзе аз моддаҳои мазкур витаминҳои гуногун, оҳан, синк ва кобалт мебошанд.
Илова ба ин равғани чормағз барои шифоёбии кафидани пӯсти лаб, пой ва ҳар намуди захмҳои пӯстӣ мусоидат мекунад. Табибон қайд мекунанд, ки он василаи муассир барои харобшавӣ ва кам кардани холестерин дар организм мебошад. Ҳамчунин аз таъситҳои фоидабахши равғани чормағз барои пешгирии камхунӣ, пурқувват кардани девори рагҳои хунгард ва тақвият додани зеҳни инсон васеъ истифода мебаранд.
– таҳияи Ҷабборов Далер
One Comment Add yours