Китоб:, “Сарбозони бесилоҳ”
Муаллиф: Фотеҳ Ниёзӣ
Нашриёт: “Адиб”, соли 1989
Теъдоди саҳифа: 416
Забони китоб: тоҷикӣ
Романи “Сарбозони бесилоҳ”-и нависандаи забардаст Фотеҳ Ниёзӣ аз фидокорӣ ва меҳнатдӯстии халқҳои Осиёи Марказӣ, ки дар солҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун қувваи корӣ ба ақибгоҳ фиристода шуданд, ҳикоят мекунад. Ҳодисаву воқеаҳои роман хонандагонро аз шуҷоатмандӣ, иттифоқӣ ва қавииродагии мардуми сарзамини Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар шароити басо сангини Сибир барои фронт заводу фабрика сохтанд, ошно месозад. Нависанда дар симои қаҳрамонаш Ориф Олимов шахси ватандӯст, меҳнаткаш ва роҳбари одилу поквиҷдонро тасвир кардааст. Яке аз хислатҳои бисёр муҳиме, ки дар образҳои мусбати асари мазкур ба мушоҳида мерасад, осоишу фараҳмандии дигаронро ба нафси хеш тарҷеҳ додан мебошад, ки ба ҷомеаи имрӯза ҳамчун обу ҳаво лозим аст.
– Исмати Нек
3 Comments Add yours