Рӯзе ду бародар – Зафар ва Умед дар кӯча бозӣ мекарданд. Ногоҳ диданд, ки мӯйсафеде бо дастовези вазнин бо душворӣ қадам мезанад. Бачаҳо ба ӯ салом дода гуфтанд:
– Бобоҷон, биёед ба шумо ёрӣ диҳем!
Мӯйсафед аз пешниҳоди бачаҳо хурсанд шуд. Бачаҳо бошанд дастовези вайро гирифта, бобо мӯйсафед дар пеш онҳо аз ақиб роҳ гаштанд. Чун ба хонаи марди пиронсол расиданд, мӯйсафед ба онҳо ташаккур гуфту аз дохили дастовез шириниро баровард ва ба ивази ёрӣ доданашон тақдим кард. Бачаҳо ба мӯйсафед “раҳмат, бобоҷон!” гуфта, хурсандона ба хонаашон рафтанд ва кори кардаашонро ба падарашон нақл карданд. Падарашон ба онҳо “офарин!” гуфта аз ҷайбаш қанд бароварду илова намуд:
– Барои ин кори хубатон ман ҳам ба шумо ҳадя медиҳам,– гуфту ба онҳо қанд дод.
Зафар ва Умед боз ҳам хурсанд шуда, назди бобояшон рафтанд ва ҳодисаро нақл карданд. Бобояшон низ ба онҳо “аҳсан!” гуфту шириние тақдим кард.
Дар охир бачаҳо ба ивази як амали хуб се ҳадя гирифта, хурсандона ба назди ҷӯраҳояшон баргаштанд. Зафар ва Умед бо онҳо ҳадяҳояшонро тақсим намуда, хурсандона бозӣ карданд.
– Ҷӯраева Парвина
3 Comments Add yours