Фақире назди Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (р.а.) омада чизе ҳамчун садақа мехоҳад. Абдуллоҳ ибни Аббос аз фақир мепурсад:
– Оё шаҳодат медиҳӣ, ки ҷуз аз Аллоҳ дигар илоҳе нест ва Муҳаммад (с.а.в.) расули Худо аст?
Фақир:
– Бале, шаҳодат медиҳам!
– Хуш, оё рӯзаи моҳи Рамазонро медорӣ?
– Бале, медорам!
Баъд аз андак суолу ҷавоб кардан, Абдуллоҳ ибни Аббос мегӯяд:
– Ту аз мо чизе ҳамчун садақа талаб кардӣ. Дар баробари ҳаққи диҳанда ҳаққи пурсанда низ мавҷуд аст. Ба ту кӯмак кардан вазифаи мо аст.
Ҳазрати Абдулло пас аз итмоми суханҳояш ба фақир либосе ҳадя карда, ин ҳадисро ривоят мекунад:
– Аз Расули Худо шунавида будам, фармудаанд: “Агар мусулмоне ба мусулмони дигар либос ҳадя кунад ва то замоне ки аз он либос ҳатто порчае дар бадани пӯшанда мавҷуд бошад, Худованд либосдиҳандаро зери ҳимояаш қарор медиҳад”.
– Ривоят аз Имом Тирмизӣ
3 Comments Add yours