Ҳарчанд дар аввал ба ҳаммом дароварда оббозӣ доштани навзод барои бештари модарон каме душвор аст, вале дар баробари калон шудани ӯ метавонед вақти шустушӯиро барояш ба яке аз дӯстдоштатарин амалҳо табдил диҳед.
Ҳамин тавр барои ба натиҷаи беҳтар расидан, барои оббозӣ кардани фарзанди хурдсолатон бо ӯ аз ишораҳои хоси кӯдакона кор гиред ва дар бозӣ ҳамроҳӣ намоед. Ба ин васила мушоҳида кунед, ки вақти шустушӯи кӯдак кадом бозӣ бештар ӯро машғул мекунад ва хандаро бар лабонаш меорад.
Оббозӣ кардани кӯдак як таҷрибаҳои муҳими ҷисмонӣ ва ҳиссӣ аст. Вақте кӯдак машғули бозӣ бо об мешавад, суруд зам-зама кунед ва дастҳояшро бо ҳам занед. Ҳангоми дохили об шудан ё аз сараш об рехтан кӯдак каме тарсида, аз ҳад зиёд ҳаяҷонзада мешавад. Агар кӯдак аз об зиёд метарсида бошад, шумо ҳам бо кӯдак ба таги об дароеду ҳамроҳаш шустушӯ кунед. Ҳангоми шустушӯи кӯдак, ӯро дар оғӯш гиред ё рӯйи поятон гузоред. Бо ин роҳ ӯ ҳис мекунад ва меомӯзад, ки оббозӣ кардан барояш хатаре надорад.
Ҳамчунин ҳангоми оббозӣ доштани кӯдак аз бозичаҳои махсуси пластикиву резинӣ ба кор баред. Ва ё ҳангоми оббозӣ бозичаи дӯстдоштаашро низ ҳамроҳаш ба ҳаммом дароред. Чунин амал кӯдакро саргарми бозӣ карда, ӯро таскин мебахшад. Масалан, бозичаи ҷондоре ё ҳайвони обӣ мисли моҳӣ, ки дар об шино дорад, барои тақвият додани малакаи тахайюлии кӯдак кӯмак карда, ҳамроҳи волидайнаш сенарияҳои навбанави бозиро сохта метавонад. Бо сатилча ва обкашҳои пластикӣ обро гирифта холӣ кардан метавонад моторикаи хурди кӯдакро инкишоф диҳад. Дар ин миён падар ё модар сару бадани кӯдакро шустушӯ карда, раванди оббозкунӣ ҳам барои волидайн ва ҳам барои кӯдак қулай, форам ва таълимбахш мегардад.
Ҳамзамон, ҳангоми оббозӣ кардан барои кӯдак имкони бозӣ бо ҳубобчаҳои аз кафки собун пайдошуда низ вуҷуд дорад. Кӯдакон бозӣ ва нигоҳ кардани ҳубобчаҳоро ҳангоми дар ҳаво будан ва кафидан дӯст медоранд.
Дар охир бояд қайд кард, ки раванди оббозӣ доштани кӯдак низ лаҳзае аз таълим ва тарбия аст. Волидайн набояд аз хотир бароранд, ки ҳангоми оббозӣ кардани фарзанд, ин замонро ғанимат дониста, вобаста ба синну солаш ягон чиз омӯзонидан имконпазир аст. Бахусус ба фарзандони калонсолтар омӯзонидани одоби ҳаммому ҳаммомдорӣ яке аз вазифаҳои муҳими волидайн ба ҳисоб меравад.
– Шаҳнозаи Муродзод
Рушди равонии кӯдак: одоби қазои ҳоҷат
Вақти самаранок кафолати хушбхатӣ ва қавииродагии фарзанд аст