Тавсияҳои ноҷое, ки баъзан ба наздикони дар ҳолати рӯҳафтодагӣ (депрессия) қарордошта медиҳем, метавонад баракс оқибатҳои нохушро ба бор орад. Бинобар ин ҳангоми бо онҳо ҳамсӯҳбат шудан ва ё маслиҳат додан, ифодаву ибораҳоро махсус интихоб бояд кард.
Маҷаллаи “Reader’s Digest” намунаи ифодаҳои зарурӣ ва нозарурро ҳангоми сӯҳбат бо нафарони дар ҳолати руҳафтодагӣ қарордошта нашр кардааст. Масалан, менависад маҷалла, ба дӯстатон ва ё ягон шахси наздикатон, ки ба ин ҳолат гирифтор аст, нагӯед, ки “Бовар кун, ман чӣ ҳис карданатро нағз мефаҳмам”.
Нагӯед, ки: “Инсонҳои зиёде ҳастанд, ки ҳолашон аз ту ҳам бадтар аст”. Ин ҷумлаи шумо дуруст бошад ҳам, ба дӯстатон кӯмак карда наметавонад. Бинобар ин набояд онро истифода баред. Зеро агар шахсро ноҷо ранҷондед, ҳолати рӯҳиаш мумкин аст бадтар шавад.
Бигӯед, ки: “Ту вақте бо ин мушкилӣ мубориза мебарӣ, танҳо нестӣ”.
Нагӯед, ки: “Касе нагуфтааст, ки ҳаёт аз лаззат бурдан иборат аст”.
Бигӯед, ки: “Ту барои ман муҳим ҳастӣ”.
Нагӯед, ки: “Ба хотири худат бояд ғусса хӯрданро партоӣ”.
Дӯстатон ҳиссиёти рӯҳафтодагиашро чӯ гуна бартараф карданашро намедонад. Рӯҳафтодагӣ низ мисли бемории қанд ё дил навъи беморист. Танҳо фарқ ҳамин аст, ки дар рӯҳафтодагӣ ё депрессия будаҳо барои бартараф кардани ин ҳолат бештар ранҷ мекашанд.
Бигӯед, ки: “Иҷозат деҳ, туро кӯмак кунам”.
Нагӯед, ки: “Ҳоло дар ҳолати рӯҳафтодагӣ ҳастӣ, вале доим чунин нахоҳад монд”. Зеро ин гуфтаатон метавонад вазъи он нафарро мураккабтар созад.
Бигӯед, ки: “Ту аз ин ҳолат девона намешавӣ!”
Нагӯед, ки: “Ба ин худат айбдорӣ”. Аз барои Худо, чунин шеваи муносибатро раво набинед. Охир, касе дидаву дониста ба вартаи рӯҳафтодагӣ намедарояд-ку!
Бигӯед, ки: “Дар ин муддате, ки ба рӯҳафтодагӣ мубориза мебарӣ, ман ҳамроҳи туям”.
Нагӯед, ки: “Бовар кун, ман чӣ ҳис карда истоданатро мефаҳмам. Боре ман ҳам чанд рӯз дар ҳолати рӯҳафтодагӣ қарор доштам”. Зеро худро ғамгин ҳис кардан аз рӯҳафтода будан фарқ дорад.
Бигӯед, ки: “Барои туро фаҳмидан ҳар чизе аз дастам ояд мекунам”.
2 Comments Add yours