Олимони амрикоӣ муайян кардаанд, ки гормони мелатонин, ки масъули хоби солим ва руъё дар инсон аст, ба ашёву ҳодисоти атроф таъсирпазир аст. Онҳо исбот кардаанд, ки телефони фаъол ҳангоми хоб инсонро таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ бо исрор тавсия карда мешавад, ки телефонҳои мобилӣ ҳар чӣ дуртар аз рахти хоб нигоҳ дошта шаванд.
Аз нигоҳи мутахассисон, гормони мелатонин махсусан ба нурпошиҳои радиатсионии ҷиҳозҳои электронӣ вокуниш нишон медиҳaд. Маҳз онҳо ба робитаи маъмулии рефлекторҳои “шаб‐хоб” халал расонида, инсонро ба бехобӣ мубтало мекунанд. Хобҳои ҳавлнок ва афсурдаҳолӣ баъд аз бедор шудан, эҳтимол, ба телефони фаъоле, ки тамоми шаб назди рахти хоб қарор дошт, вобаста аст. Таъсири дарозмуддати ҷиҳозҳои электронӣ метавонанд дар оянда ба мушкилиҳои ҷиддӣ марбут ба системаи асаб оварда расонад.
Бинобар тавсияи табибон инсон дар як шабонарӯз барои пурра барқарор кардани нерӯи тоза бояд 8 соат хоб кунад. Аз ин миқдор кам хоб кардан ба тадриҷ системаи масуниятро заиф мегардонад. Зуд‐зуд аз дарди сар ранҷ бурдан, коҳиши иштиҳо далели он буда метавонад.
– таҳияи Достиев Неъмат
2 Comments Add yours