Буд набуд писарбачае буд. Вай писари эркаи падару модараш буд. Гарчи аллакай мактабхон буд, лекин ҳоло ҳам байни хубу бад ва тозаву чиркин фарқ намекард. Пеш аз хӯрдани хӯрок дастонашро намешуст, хӯрокро бошад бо дасти чап мехӯрду меваю сабзавотро ношуста тановул мекард. Гарчи бибияш борҳо мегуфт, ки ношуста хӯрдани меваю сабзавот хуб нест, вале писари якрав сухани бибияшро гӯш намекард. Борҳо мешуд, ки бегоҳ аз кӯча меомаду бо дасти ношуста сари дастурхон менишаст ва хӯрок мехӯрд.
Рӯзе чун ҳарвақта писарак аз мактаб омаду аз ошхона себ гирифта, ба хўрдан оғоз кард, ки ногоҳ шикамаш сахт дард кард. Вай аз дарди сахт дод заду модарашро фарёд кард. Чӣ қадаре ки барои илоҷи дарди шикамаш дору медоданд, лекин фоидае чизе фоида намекард. Охир ба назди духтур рафтанд. Духтур шиками ӯро муоина карду гуфт:
‐ Сабаби дарди шиками ту бо дасти ношуста хӯрдани хӯрок ва ношуста хӯрдани меваю сабзавот аст. Барои ҳамин дар меъдаи ту бисёр микробҳо ҷамъ шудаанд. Агар хоҳӣ, ки чунин микробҳо ба меъдаи ту даромада азоб надиҳанд, аз ин рӯз эътиборан пеш аз хӯрок хӯрдан дастонатро бо собун шӯй, меваю сабзавотро бо оби тоза шуста хӯр!
Пас аз он рӯз писарак гуфтаҳои духтурро иҷро мекунад ва дигар аз дарди шикам шикоят надорад.
– Ҷураева Парвина
One Comment Add yours