Ҳамасола 20-уми март Созмони милали муттаҳид номгӯи давлатҳои хушбахттарини ҷаҳонро эълон мекунад. Ҳамин тавр тайи се соли охир Шоҳигарии Дания мақоми аввалро ишғол карда, шаҳрвандонаш ҳамчун сокинони хушбахттарини Замин расонаӣ мешуданд. Вале соли 2017 бошад, ин мақом насиби кишвари дигари скандинавӣ – Норвегия гаштааст.
Дар натиҷаи таҳқиқи гузаронидаи Донишгоҳи Вашингтон муайян шуд, Дания яке аз кишварҳое мебошад, ки дар масоили давлатдорӣ, танзими адолати иҷтимоӣ ва риояи ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳикмат ва таълимоти китоби Қуръони Карим қаринтарин буда, баъд аз Ирландия ҷойи дуюмро касб кард. Ҷиҳати ҷолиби диққат ин аст, ки дар ин радабандӣ кишварҳои мусулмон мақомҳои охирро касб карда, ба даҳгонаи беҳтарин аз ҳама наздиктар Малайзия дар ҷойи 33-юм қарор гирифтааст. Ин таҳқиқот дар 208 кишвари ҷаҳон гузаронида шуда буд. Инак, чӣ сиррест, ки Шоҳигарии Дания барин кишварҳои скандинавиро дар олам хушбахттарин, аз кишварҳои нуфузи ағлабаш мусулмон дар риояи ҳаққи башар ва танзими умури дунявӣ мусулмонтар кардааст?
Шоҳигарии Дания яке аз давлатҳоест, ки дар риштаи санъат, варзиш ва соҳаҳои гуногуни илмӣ нафарони зиёди соҳибмалака ва болаёқатро тарбия додааст. Теъдоди аҳолии кишвар беш аз 5,5 миллион нафар буда, маҷмӯи маҳсулоти дохилии солона беш аз 200 миллиард долларро ташкил медиҳад. Дар масоҳати 43 094 км мураббаъ (масоҳати Дания аз масоҳати вилоятҳои Хатлон ва Суғд дар ҷамъ хурдтар аст) ширкатҳои бонуфузи олам ба монанди LEGO, MAERSK, VESTAS, NOVO NORDISK, HUMMEL ҷойгир шудаанд. Аҷибаш ин аст, ки ҳеҷ як даниягӣ бо ин дастовардҳои иқтисодӣ-саноъатии кишвараш назди дигарон фахру ғурур намекунад, вале барои аз даст додани мақоми аввали кишварҳои хушбахттарин маҳзунанд.
Яке аз дастовардҳои дигари Дания ин аст, ки рӯзҳои гузашта ба тамомият аз қарзҳои хориҷияш халос шуда, бо пардохти 1,5 миллиард доллар қарзи охиринаш баъд аз 183 сол дар сафи кишварҳои қарзи хориҷӣ надошта сарбаландона қарор гирифт. Тайи чанд соли охир иқтисоди шоҳигарӣ рӯ ба инкишоф буда, новобаста ба масоҳати хурди кишвар бо афзалияти соҳаҳои саноъатӣ-аграрӣ дар қатори давлатҳои мутараққӣ рақобат мекунад. Гуфтан мумкин аст, ки даниягиҳо бо мантиқи “Мо кишвари хурдем. Бо кишварҳои дигари дунё дар ҳама соҳа рақобат карда наметавонем, вале дар як қатор соаҳаҳо маҳсулоти беҳтаринро истеҳсол карда метавонем” кор ва фаъолият мекунанд. Хостем доир ба баъзеи он ширкатҳои бонуфузи даниягӣ каме маълумот диҳем:
LEGO
Соли 1932 дуредгар Оле Кирк Кристиансен дар шаҳри Биллунд аввалин бозичаҳои аз тахта сохташударо истеҳсол мекунад. Баъдан соли 1942 бозичаҳо бо тамғаи Lego истеҳсол мешаванд. Вале ҳамон сол бинобар сӯхтори шадид фабрикаи бозичабарорӣ ба коми оташ меравад. Кристиансен рӯҳафтода намешавад ва фабрикаи нав бунёд мекунад. Баъдан соли 1947 дар фабрика аввалин бозичаи пластикӣ истеҳсол мешавад. Аз он рӯз ва баъд ширакти Lego дар 106 кишвари олам нуқтаҳои фурӯш боз намуда, дили кӯдакону калонсолонро фатҳ мекунад. Бояд қайд кард, ки “lego” шакли ихтисоршудаи калимаи даниягии “leg godt” (бозии хуб) мебошад. Ҳоло ширкати Lego миёни истеҳсолкунандагони бозичаҳо дар дунё мақоми дуюмро мегирад. Бойигарии шахсии оилаи Кристиансенҳо 9 миллиард евроро ташкил медиҳад.
MAERSK
Ширакти Maersk соли 1904 аз ҷониби Арнолд Петер Муллер таъсис дода шудааст. Ҳоло контейнерҳои ин ширкатро дар бандарҳову роҳҳои оҳани 130 кишвари дунё дидан мумкин аст. Maersk бо 300 киштии боркаш яке бузургтарин ширкатҳои ҳамлу нақли баҳрии олам дониста мешавад. Гардиши пулии солонаи кишвар 50 миллиард евроро ташкил дода, бо беш аз 150 ҳазор коргараш “кишвари хурд”-и Данияро ба оламиён муаррифӣ мекунад. Бояд қайд кард, ки ширкат ҳамлу нақли нафти кишварҳои халиҷро ба ӯҳда дорад. Танҳо даромади пулии аз Арабистони Саъудӣ ба хазинаи ширкати Maersk медаромада 12 миллиард евроро ташкил медиҳад.
7 рӯзи пурмашаққат барои ҳаёти созанда
3 Comments Add yours