Ҳангоми ба қатора савор шудан, муаллим яке аз попӯшҳояшро афтонд. Дигар имкон набуд фуромада, онро бигирад. Чунки қатора ба роҳ даромада буд. Онҳое, ки дар паҳлуяш буданд, бо ҳайрат чӣ кор карданашро менигаристанд. Ӯ дар ниҳояти оромишу сукут попӯши дигарашро аз пой кашида, аз тиреза ба попӯши афтондааш наздиктар ҳаво дод.
Яке аз талабаҳо тоқат накарда, пурсид:
− Барои чӣ ин тавр кардед, муаллим?
− Барои он ки эҳтиёҷманде пойи аввали попӯшро ки ёфт, дигарашро ҳам ёфта бипӯшад!
– Башир Усмон, “Ҳадяи зиндагӣ”