Пирамард пагоҳии барвақт аз хона баромада, дар роҳ қадам мезад, ки велосипеде бо ӯ бархӯрда аз пояш афтонд. Роҳгузарон пирамардро аз замин бардошта, бо вуҷуди чандон вазнин набудани ҷароҳаташ, ба наздиктарин бунгоҳи тиббӣ бурданд.
Ҳамширае, ки ҷароҳати ӯро тоза мекард, гуфт:
– Бобоҷон, каме истед, Шуморо рентген кунем, то ягон ҷои баданатон нашикаста бошад.
Мӯйсафед бо шунидани ин сухан беқарор шуда, гуфт, ки саросема аст, бо ин сабаб намехоҳад ӯро рентген кунанд. Чанд ҳамшираи шафқат, ки дар ҳуҷра ҳузур доштанд, мароқ зоҳир карда, сабаби саросемагии пирамардро пурсиданд.
– Ҳамсарам дар хонаи пиронсолон аст. Ман ҳар пагоҳӣ наҳориамро бо вай мехӯрам. Аз ин хотир намехоҳам, ки дер монам,− мегӯяд марди пир.
– Шояд фикр кунед, ки аз дер мондани шумо ҳамсаратон хавотир мешавад? Парво накунед, мо ҳозир телефон карда хабардор мекунем,−мегӯянд ҳамшираҳо.
Пирамард андӯҳгин шуда, ба ҳамшираҳо миннатдорӣ мекунад ва меафзояд:
– Афсӯс, ки ҳамсарам гирифтори бемории фаромӯшхотирист. Маро намешиносад. Кӣ буданамро намедонад.
Ин дафъа ҳамшираҳо бо ҳайрат мепурсанд:
– Агар кӣ буданатонро надонад, пас ҳар саҳар барои ҳамроҳаш наҳорӣ хӯрдан шитоб кардан чаро?
Марди пир бо чашмони пури ашк ва овози гирифта мегӯяд:
– Ӯ кӣ будани маро намедонад, вале ман кӣ будани ӯро медонам, охир. Ҳамин кофӣ нест?
– Башир Усмон, “Дидор“
One Comment Add yours