400 мл ширқиём, 100 мл сметана ё қаймоқ, 1 дона лиму;
1. Бо кӯмаки блендер ширқиём, сметана (қаймоқ) ва лимуро то шакли якранг гирифтан майда кунед. Барои он ки яхмос таъми талх нагирад, лимуро аз донакчаҳо ва пӯсташ тоза кунед. Ва барои қулай майда кардани лиму онро қаблан ба тилимчаҳои хурд реза кунед.
2. Махлути омодашударо то охирин қатра ба зарфе резеду бо кӯмаки қошуқ сатҳи болоияшро ҳамвор кунед.
3. Зарфро ба дохили яхдон то ях кардани махлут гузоред. Агар хоҳед, баъд аз омода шудани яхмос, онро бо ширинӣ ё бо омезиши ягон мураббо истеъмол намоед.
Бо иштиҳои том!