Помидор: Пӯсти помидор ҳар чӣ қадар ғафс бошад, миқдори химикатҳо дар он ҳамон қадар зиёд аст. Помидорҳои зардчаи сурхи ба норасида монандро тамоман нахаред. Мушоҳида кардани лаҳмии (мағзи) сафедранг ва рахҳои ғафс ҳангоми буридани помидор, нишона аз вуҷуди аз ҳад зиёди химикат дар забзавот аст. Агар рафту шумо боз ҳам чунин помидорҳои бесифат харидед, онро барои як соат дар оби хунук нигоҳ доред.
Ангур: Барои ҳар чӣ зиёдтар нигоҳ доштани ангур, онро бо фунгисидҳо (заҳр ба муқобили касалиҳои занбӯруғии растаниҳо) коркард мекунанд. Бодиққат ва сероб карда шӯстани ангур барои тоза шуданаш аз заҳрхимикатҳо қобили маслиҳат аст.
Тарбуз: Рахҳои ғафси зардчатоб дар тарбуз нишонаи ҳузури зиёди химикатҳои минералӣ аст. Барои муайян кардани ин метавонед як санҷиш гузаронед: каме дилаи тарбузро дар як истакон об гузоред. Баъд аз як дақиқа агар об рангашро иваз кунад, маълум мешавад, ки дар таркиби он заҳрхимикатҳо мавҷуданд.
Нок, себ: Барои ҳар чӣ бештар нигоҳ доштани меваҳо онҳоро бо моддаи кимиёвии дифенил коркард мекунанд. Дар Амрикою Авурпо аз сабаби хусусиятҳои саратонзоӣ ва аллергенӣ доштанаш, истифодаи дефинил манъ карда шудааст. Вақти харидани мева онро ба даст гиред, агар ҳис кунед, ки меваҳо лағжонак ё часпаканд , маълум мешавад бо ин моддаи заҳрнок коркрад карда шудаанд. Меваҳое, ки бо дефинил коркард шудаанд, пеш аз истеъмол пӯсташон бояд тоза карда шавад.
– таҳияи Достиев Неъмат