Оилаи соҳиби ду фарзанд ба қароре омаданд, ки охири ҳафтаро ҳамроҳ дар сайёҳат гузаронанд. Вақте ки ба ҷои интихобкарда рафта расиданд, модар машғули хӯрокпазӣ шуд. Падар бошад кӯдаконро гирифта, ба тамошои атроф рафтанд.
Аз роҳгардии бардавом кӯдаки хурдакак хаста шуд ва бо чашмони илтиҷоомез ба падараш муроҷиат карда гуфт:
– Падарҷон, беҳад монда шудам. Илтимос, маро ба оғӯшатон гиред!
Падар, ки худ хеле хаста шуда буд, ба писараш ҷавоби рад дод. Писарак гиря кард. Падар дигар чизе нагуфта, аз дарахт навдаеро шикаст. Навдаро бо корд тавре тарошид, ки ба фарзандаш зараре нарасонад. Баъд навдаро ба писараш дода, гуфт:
– Гир писарам, ана ба ту як аспи давон.
Писар бо хурсандии беканор ба аспе, ки аз навда сохта шуда буд, савор шуда, қамчин зада ба назди модараш давон-давон рафт. Ҳатто аз падару апааш ҳам тезтар рафта расид.
Падар бо ханда ба духтараш гуфт:
– Зиндагӣ чунин аст, духтарам! Гоҳ-гоҳ зеҳнан ва ё ҷисман худро хаста ҳис мекунӣ. Ана ҳамон вақт барои худ аз навдае асп созу ҳаётро бо хурсандӣ давом деҳ. Ин асп метавонад дӯст, як мусиқӣ, як китоб, як шеър ва ё табассуми кӯдаке бошад.
– таҳияи Рабиева Ганҷина