Иброҳими Адҳам замоне подшоҳи Балх буд. Мегӯянд, рӯзе мутафаккир, мутаҳаййир ва андӯҳгин нишаста буд, ки марде аз дар даромад ва ба пои тахташ нишаст. Касе аз наздикон ва дарбориён ёрои онро надоштанд, бипурсанд, ки омада кист.
Иброҳим гуфт:
– Чӣ мехоҳӣ?
Гуфт:
– Дар ин работ фурӯ меоям.
Гуфт:
– Работ нест, сарои ман аст. Ту девонаӣ?
Гуфт:
– Ин сарой пеш аз ин аз они кӣ буд?
Гуфт:
– Аз они падарам.
Гуфт:
– Пеш аз он?
Гуфт:
– Аз они падари падарам.
Гуфт:
– Пеш аз он?
Гуфт:
– Аз они падари фалон кас.
Гуфт:
– Ҳама ба куҷо шуданд?
Гуфт:
–Бирафтанд ва бимурданд.
Гуфт:
– Пас работ ин набувад, ки яке меояд ва яке мегузарад?
Ин гуфт ва нопадид шуд ва ӯ Хизр буд алайиҳссалом.
Баъд аз сӯҳбат Иброҳими Адҳам сарой ва тахташро батамом раҳо кард ва аз пайи шинохти Офаридгор шуд. Дар ин роҳ чандон заҳмат кашид, ки орифи замона Ҷунайди Бағдодӣ калиди илмҳои тариқаташ номид.
Як рӯз Иброҳими Адҳам ба назди Абӯҳанифа разияллоҳу анҳу омад. Асҳоби Абӯҳанифа бо чашми тақсир вайро нигаристанд.
Абӯҳанифа гуфт:
– Сайидино Иброҳим!
Асҳоб гуфтанд:
– Ин саёдат бо чӣ ёфт?
Гуфт:
– Бадон ки доим ба хидмати Худованд машғул буд ва мо ба хидмати танҳои худ машғул.