Дар мавзуъҳои ғайри қобили баён хомӯш бояд буд
Людвиг Витгенштейн (1889-1951)
Оё ҳамон ҷумлаи машҳури Витгенштейн, ки дар “Трактат”-аш дарҷ ёфтааст, баёнгари эътирози ӯ ба адабиёт нест? “Дар мавзуъҳои ғайри қобили баён бояд хомӯш буд”, -гуфта буд вай дар охири ягона китоби фалсафиаш. Витгенштейн дигар дар бораи фалсафа асар нанавишт. Орзу дошт, як китобе ба нашр расонад, ки “дами китобҳои дигарро бандад”. Вале эҷоди чунин китоб ғайриимкон буд ва ҳамин хел ғайриимкон монд.
Зани махфие, ки ашъори гётеро менавишт
Марианна Янг (1784-1860)
Шоири машҳури немис Гёте дар шастсолагиаш “Девони Шарқу Ғарб”-ро таълиф намуд. Дар баъзе ашъори китоб образи Зулайхо пайдо шуда ба гуфтор медарояд. Аммо бандҳоеро, ки гуфтори Зулайхоро ташкил медоданд, Гёте не, балки шоираи ҷавоне бо номи Марианна Янг эҷод кардааст. Чакидаҳои хомаи Янг ҳарчанд пораҳои мунтахаби яке аз ашъори бузурги лирикаи дунёро ташкил дода бошад ҳам, ӯ минбаъд мисрае ҳам таълиф накард. Ҳамин тавр, ҳамчун яке аз Бартлбиҳои махфии дунёи адабиёт боқӣ монд.
– Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”