Дар Ҳиндустон ду сагбача ба чоҳ меафтанд. Модари онҳо дар сари чоҳ нолакунон мадад мехоҳад. Танҳо бо аккосзании саг мефаҳманд, ки бачаҳояш ба чоҳ афтодаанд.
Сагбачаҳо дар чоҳ 48 соат мемонанд. Вале ҳодисаи аҷиб ва боварнокардании дигаре дар зери чоҳ рух медиҳад. Дар болои сари сагбачаҳо мори афъие истодааст. Мор болои сари сагчаҳо навбат мепояд, то дар тарафи бехавфи чоҳ истанд ва ба об надароянд ва аз ғарқшавӣ эмин монанд. Дар ин муддат, ки сагчаҳо дар чоҳ буданд, мор ба онҳо заррае ҳам зарар намерасонад. Вақте ки кормандони ҷангал ба ёрии сагбачаҳо мерасанд, мор оҳиста ба тарафи дигари чоҳ гузашта меистад ва ба касе зарар намерасонад. Наҷотдиҳандагон оҳиставу безарар морро низ аз чоҳ мебароранд ва ба ҷангал раҳо мекунанд.
– Башир Усмон, “Ҳадяи зиндагӣ”