Бино ба маълумоти Иттиҳодия дил ва инсулти Амрико, бемориҳои сактаи дил ва сактаи майна яке аз иллатҳои умдаи фавти сартосарии ҷаҳон ба ҳисоб мераванд, ки аксари он бори аввал ва ё баъзан аз бемории қалб ранҷ мебаранд. Нишонаи чунин беморӣ чунинанд:
– гардиши заифи хун;
– басташавии рагҳои хунгард (атеросклероз, тромбоз);
Ҳамасола дар ҷаҳон беш аз 700 ҳазор нафар аз сактаи дил ранҷ мебаранд, ки аз ин миқдор анқариб 100 ҳазори онҳо наҷот намеёбанд.
Маълумоти ҷамъоваришуда нишон медиҳанд, ки солҳои охир теъдоди беморони системаи дилу раг ба таври назаррас зиёд шудааст. Табибон қайд мекунанд, ки ҷисми одамӣ қабл аз сактаи дил шудан, соҳибашро як моҳ пеш аз “ҳамла” огоҳ мекунад. Дар сурати дуруст ва сари вақт ба назар гирифтани онҳо, инсон метавонад ин хатарро бартараф карда, шонси дар ҳаёт монданаш зиёд гардад:
Беҳолӣ
Беҳолии ғайримуқаррарӣ аз нишонаҳои калидӣ буда, дар натиҷаи камхунӣ ва гардиши сусти хун ба миён меояд. Бо сабаби тангшавии рагҳо, мушакҳо беқувват мегарданд, ки ин қабл аз вуқӯи сактаи дил аломати бонги хатар аст.
Сарчархзанӣ
Адами гардиши дурусти хун ҷараёни хун ба мағзи сарро таъсир расонида, боиси сарчахзании нороҳаткунанда мегардад. Ин ҳолат низ яке аз нишонаҳои дар оянда ба миён омадани сактаи дил мебошад.
Арақи сард
Пас аз сарчарxзанӣ, арақи сард кардан аломати он аст, ки бадани шумо зери фишор қарор дорад. Ҳангоми камхунӣ ва гардиши сусти хун бадан метавонад худро намнок, сард ва умуман носолим эҳсос кунад.
Дарди садр, даст, кифт ё пушт
Агар шумо дар қисмати қафаси сина ё ҷои дигари бадан, монанди дастон, пушт ё китф эҳсоси дард кунед, бояд ҳар чӣ зудтар аз муоинаи табиб гузаред. Зеро ин ҳолат метавонад ба фаъолияти солими дил халал расонад.
(давом дорад)