Барои қима: 100 гр панири тарошидашуда, 700-800 гр картошка, кабудӣ, пиёзи кабуд;
Барои хамир: 2 дона тухм, орд, намак, як истакон кефир ё ҷурғот;
1. Картошкаҳоро аз пӯсташ тоза карда, обпаз кунед. Баъд аз пухта шудан онҳоро аз об бароварда, пюре кунед;
2. Пиёзро майда реза карда, дар равған зирбонед. Кабудиҳоро майда реза карда, панирро аз турбтарошак гузаронида, намак илова намоед ва ҳамроҳи пиёзи зирбонидашуда бо пюреи картошкагӣ омехта кунед;
3. Орд, 2 дона тухм, намак ва кефирро бо ҳам омехта, хамир кунед;
4. Хамири тайёршударо ба лӯндачаҳои хурд тақсим карда, онҳоро бо кумаки тираки хамирросткун кушоед;
5. Акнун ба дохили хамирҳои росткардашуда қимаи картошкагиро ҷой карда, болояшонро пӣшида, аз онҳо бӯрак (пирожки) созед;
6. Ба тоба (сковородка) равған рехта, ба болои плита гузоред ва таспиданашро интизор шавед. Бӯракҳои омодашударо ба дохили равғани тафсон андохта, то пухтан ду тарафашро бирён кунед.
Бо иштиҳои том!