Барои фаъолияти муътадил ва инкишофи дурусти майнаи сар лозим аст ҳамарӯза онро бо маводи ғизоӣ, ки аз ҷумла бадани мо ҳам ба он ниёз дорад, таъмин намоем. Мутахассисон барои ҳифз ва қувват бахшидани ҳофиза истеъмоли зарчӯба, мармарак (шалфей), хардали ҷопонӣ ва сирро тавсия медиҳанд.
Зарчӯба: ин хардали зард антиоксидант буда айни замон таъсири қавии зиддиилтиҳобӣ дорад. Дар Ҳиндустон зарчӯбаро ҳамарӯза дар дегафзорҳои тунд илова карда, истеъмол мекунанд. Аз ин ҳисоб хатари хуруҷи бемориии алзоймер назар ба Амрико дар ин кишвар 25% камтар аст. Зимни омӯзиши лабораторӣ ба мушҳо “куркумин” – моддаҳои фаъоли зарчӯбаро хӯронданд. Дар натиҷа муайян шуд, ки ба миён омадани палакҳои амилоидии марбут ба алзоймер коҳиш ёфтааст. Зарчӯбаро дар шӯрбоҳо бо маъмули хамирӣ низ метавонед истифода кунед.
Мармарак (шалфей): ин растанӣ аз оилаи пудина буда, ҳамчун тақвиятдиҳандаи хотира маълум аст. Он майнаи сарро аз баъзе равандҳое, ки боиси бемории алзоймер мегардад, ҳифз менамояд. Мармаракро инчунин дар омлет, қайлаи помидорӣ ва мурғбирён илова намуда, таъми таомҳоро лазизтар кардан мумкин аст. 2 қошуқ мармараки қоқшударо ба оби ҷӯшидагӣ илова карда, чойи шифобахш омода карда метавонед.
Васаби: ин навъи ғизо ба оилаи хардалҳо шомил буда, ҳамчун “хардали ҷопонӣ” маъруф аст. Онро одатан бо таоми суши мехӯранд. Ба доду гирифти миёни ҳуҷайраҳои асаб кумак мекунад.
Сир: лахташавии хунро пешгирӣ намуда, сатҳи холестеринро паст мекунад. Истеъмоли сир тобовариро муқобили ҳолатҳои стрессӣ меафзояд. Сири кӯфташуда ва резашударо метавонед дар ҳар гуна хӯришҳо истифода баред.
–таҳияи Достиев Неъмат
Тамринҳои муассир ва осон, ки дар ҷойи кор ҳам иҷро кардан мумкин аст
Маводи ғизоие, ки дар таркибашон меъёри намак аз ҳад зиёд буда метавонад