Мегӯянд, инсонҳои доно бисёранд, вале онҳое, ки аз рӯи донишу маърифати худ амал мекунанд, каманд. Ва яке аз камбудиҳои мо он аст, ки дониши бардоштаамон дар рафтору кирдор ва муносибати мо бо дигарон акс намеёбад, яъне, он чиро медонем, рӯи он амал намекунем. Масалан, мо медонем, ки худхоҳӣ хуб нест, инсон набояд доим “ман… ман…” гӯяд, балки ба ҷои он бояд як андоза фурӯтан ва хоксор бошад. Ҷое, ки манфиат аст, худро не, дигаронро пеш гузорад… Зеро аз ҳама нуқтаи заъф ва таҳлукаовар барои инсон ҳисси худхоҳист ва ҳар кӣ ба ин дард гирифтор шудаву матлубашро дар торикиҳои “эго” меҷӯяд, ба ҷое намерасад. Агарчи роҳи дарозе паймояд.
Худхоҳӣ аз он ҷиҳат ҳам бад аст, ки инсонро тадриҷан аз шинохти лутфу инояти Офаридгор ва дарки неъматҳо дур намуда, ба як хасис табдил медиҳад. Кас надониста ба худпарастӣ мегузарад ва мехоҳад, ки ҳама чӣ ба нафъи вай тамом шавад. Дар ҳама кор ҳисса ва фоидаи худро суроғ мекунад. Пайваста “ман” мегӯяд, “ман кардам, ман дидам, ман бурдам, ман овардам…” мегӯяд, бинобар ин мехоҳад, ки натиҷа ва фоида низ ба коми ӯ бошад. Мисле, ки дар ҷомеаҳои капиталистӣ кас танҳо дар андешаи сармоя ва манфиати хеш аст. Кор ҳатто ба он ҷо ҳам мерасад, ки муваффақият ва амалҳои зебои дигаронро ба номи худ навиштан мехоҳад. Аз ин рӯ гирдоби марговари қарсаку таърифу офарин пайваста ӯро ба сӯи худ мекашад.