Дар баробари суръати китобхонӣ пешравии баъзе аз талабагони мактаби духтаронаи амрикоӣ хеле заиф буд. Илова ба ин духтарон дар муомила бо ҳамсолон ва муаллимонашон низ мушкилиҳои зиёд доштанд. Яке аз омӯзгорони ин мактаб – хонум Вуд мехоҳад, ки тариқи баланд бардоштани суръати тезхонии матн шавқи духтаронро нисбат ба илмомӯзӣ ва завқи аз ҳаёт баҳра бурданро бедор кунад. Ҳамин тавр ӯ аввалин бор дар таърихи фаъолияти ин мактаб нақшаи “беҳбудӣ тариқи тезхонӣ”-ро тартиб дода, барои амалӣ кардани он ғайрат мекунад. Шиори он нақша чунин буд: “Талабаи заиф вуҷуд надорад, танҳо омӯзгори номуваффақ мавҷуд аст”.
Хонум Вуд дар тӯли даҳ соли амалигардонии нақшаи омодакардааш ба духтарони зиёд малакаи тезхониро омӯзонида, шоҳиди он гашт, ки талабагони “бесавод” ва онҳое, ки худро дар таълим ноаҳл мепиндоштанд, яку якбора ба китобхонӣ дил бастанд ва дар мактаб пешсаф гаштаанд. Азбаски ҳазмкунии маводи таълимӣ бо кумаки малакаи тезхонӣ қулай гашт, талабагон нисбат ба илмомӯзӣ шавқи зиёд пайдо карда, нисбат ба ҳама дарсҳои фаннӣ як навъ “ташна”-и дониш гардиданд.
Муаллима қайд мекунад, ки дар баробари беҳгардии вазъи хониш ва омӯзиши духтарон, ҳамчунин дигаргуниҳои мусбати зайл низ ба назар расидаанд: муомилаи духтарон бо волидайн, ҳамсолону рафиқон ва омӯзгорон беҳтар ва созандатар гашт; савияи IQ (ченаки заковат) дар онҳо баландтар шуд. Ҳол он ки то он дам доир ба ирсиву маҳдуд будани савияи IQ ва тағйир наёфтани он боварии қатъӣ мавҷуд буд.
Педагогҳои соҳибтаҷриба чунин қайд мекунанд: “Нафаре, ки китобхониро дӯст намедорад, таълимаш нимкора мондааст”. Аз ин рӯ гуфтан мумкин аст, ки хизмати беҳтарини омӯзгор барои шогирдаш, ин дӯст дорондани китобхонӣ аст ва аз он ҳам беҳтар, ба шогирд касб намудани малакаи тезхонӣ мебошад. Агар дар муассисаҳои таълимии кишварамон ҳадди ақал маҳфилҳои тезхонӣ ташкил карда шаванд, мутмаинам, аксар мушкилиҳои мактаб, ки одатан бо интизом ва муомилаи талабагон рабт доранд, худ аз худ ҳал мешаванд.