Расули акрам (с.а.в.) дар яке аз ҳадисҳои муборакашон ба ин маънӣ фармудаанд:
Ду чашм ҳаст, ки оташи дӯзах зараре ба онҳо намерасонад. Яке чашмест, ки аз ғояти тарс аз Худованд ва эҳтироми беандоза нисбат ба Ӯ ашк мерезад. Дуюмӣ чашмест, ки барои ҳифзу ҳимояи ватан, иффату номус, дину диёнат доим ҳушёр аст ва баҳри таъмини амнияти ҳамватанон, барои ризои Худо, навбат мепояд.
Рӯзи Артиши миллӣ ва сифату хислати мардонагӣ барои ҳамаи кормандони сохторҳои амниятиву низомӣ муборак бод! Хоҳони онем, ки дар ду олам масъуду саломат бошед!
– Сомонаи тафреҳӣ-ахлоқии “ОФТОБ”