Ҳар вақте падари Саъдӣ Шерозӣ барои иқомат кардани намози таҳаҷҷуд шабона аз хоб бедор мешуд, ӯ ҳам ҳамроҳаш барои ба ҷой овардани ибодат ҷаҳд мекард. Як шаб баъд аз адо кардани ибодат, Саъдии хурдсол ба падараш чунин хитоб кард:
– Кош одамон, аз ин ки ғофилона хоб кунанд, шабро бо ибодат зиндадорӣ мекарданд!
Падар аз суханони фарзандаш ранҷур шуду гуфт:
– Фарзандам! Кош ту ҳам мисли онҳо хоб мекардиву ин суханҳоро ба забон намеовардӣ!
Ҳамин тавр падари оқил Саъдии хурдсолашро барои ғайбат накардан ва бо ибодати кардааш фахр накарданро танбеҳ дод.