Аз мақомат даст кашида, харбонӣ бикун!

Рӯзе Баҳлӯли Доноро ба халифа Ҳорун-ар-Рашид шикоят мекунанд, ки ӯ намозгузориро тарк кардааст. Халифа Ҳорун, ки Баҳлӯлро хуб мешинохт ва халифаро доим талқини роҳи ҳақиқат буд, ба ин сухани мардум бовараш наомад. Дарҳол Баҳлӯлро ба наздаш хонда, амр намуд: – Баҳлӯл, шунидам, ки тарки намоз кардаӣ. Дарҳол ба масҷид рафта ҳамроҳи ҷамоат намози пешин гузор!…

Онро ҳама аз дунё бо худ меорад!

Дар замони халифа Ҳорун-ар-Рашид валие зиндагӣ мекард, ки ӯро Баҳлӯли Доно меномиданд. Он марди ориф бо рафторҳои аҷибаш мақсаднок атрофиёнро дарси ибрат медод. Аз ин сабаб аксарият ӯро девона мехонданд. Ҳол он ки девонаи аслӣ атрофиёнаш буданд. Онҳое, ки худро олудаи машғалаи бесамари дунявӣ карда буданд. Баҳлӯли Доно доим дар назди халифа Ҳорун ҳозир буд….