Ивазёбиро аз нафси хеш оғоз бикун!

Дар лавҳаи сари мазори роҳиби англиканӣ, ки дар шаҳри Лондон ҷойгир аст, чунин навишта шудааст: “Вақто ҷавону озод будам, вақто сарҳади хаёлҳоям охир надошт, орзу мекардам, ки тамоми дунёро иваз кунам. Аммо вақто пирӣ аз худ дарак дод, оқилтар шудаму, дарк кардам, ки дунё иваз намеёбад. Ман сарҳади хаёлҳоямро каме тангтар кардаму хостам танҳо кишвари…