Истеъмоли сабзавот ва меваи мавсимӣ зарур аст

Ба касе пӯшида нест, ки истеъмоли меваю сабзавоти мавсимӣ барои мубодилаи моддаҳо дар организм фоиданок мебошад. Зеро ба ин васила бадан тавозуни витамин, минерал, сафеда, равған ва карбогидратро нигоҳ медорад.

Истеъмоли меваю сабзавот умрро дароз мекунад

Мувофиқи тадқиқоти Муассисаи таълимии Империяи Лондон ҳаррӯза истеъмоли 400 гр меваю сабзавот метавонанд ҳамасола фавти 7,8 миллион нафарро, ки бо сабаби норасоии витамин ва таркибҳои ғизоии барои организм муҳим ба сар мебаранд, ба таъхир гузорад.