Қабл аз оиладоршавӣ: интихоби номзад (2)

Миёни ҷавонон, бахусус миёни номзадҳо барои оиладоршавӣ, бо нияти шиносоии яқинтар пайдо кардан, истифода аз телефонҳои мобилӣ ва алоқаи интернетӣ зиёд маъмул гаштааст. Аксар вақт чунин амалу рафторҳои эҳсосиву ноҷо боиси даридани пардаи шарму ҳаё дар духтарону писарон ва тира гаштани муносибати ҷавонон мегардад.

Моҳият ва аҳамияти никоҳ

Бинобар низоми муайян ва ақди машрӯъ бо ҳам омадани зан ва марди болиғро никоҳ меноманд. Никоҳ қадами аввалини пурфайз барои ҳаёти оилавӣ аст. Роҳи ягонаи ҳузур пайдо кардани ҷуфти муносиб ин никоҳ аст. Ақди никоҳ аҳдномае мебошад, ки миёни зан ва мард бо мақсад ва ҳадафи муайян баста мешавад. Он боиси миёни ду нафари бегона…