Қабл аз оиладоршавӣ: интихоби номзад (2)

Миёни ҷавонон, бахусус миёни номзадҳо барои оиладоршавӣ, бо нияти шиносоии яқинтар пайдо кардан, истифода аз телефонҳои мобилӣ ва алоқаи интернетӣ зиёд маъмул гаштааст. Аксар вақт чунин амалу рафторҳои эҳсосиву ноҷо боиси даридани пардаи шарму ҳаё дар духтарону писарон ва тира гаштани муносибати ҷавонон мегардад.

Қабл аз оиладоршавӣ: интихоби номзад (1)

Нафароне, ки бо ҳам оиладор шудан мехоҳанд, метавонанд бинобар одобу адаби шаръиву инсонӣ боҳам вохӯранд ва шиносоӣ пайдо кунанд. Ақди никоҳе, ки бе ризои ду тараф ва бе меҳру муҳаббат баста мешавад, одатан бебаракат мегардад.

Оё дар ҳақиқат барои оиладор шудан омода ҳастед? (2)

Бинобар омори расмӣ дар Тоҷикистон ҳамасола аз ҳар даҳ оилаи барпошуда, як ё дутояш пош мехӯранд. Вале ин маънои онро надорад, ки боқимонда ҳашт ё нӯҳ оилаи дигар хушбахтона ва байни ҳам муросо намуда ба сар мебаранд.

Оё дар ҳақиқат барои оиладор шудан омода ҳастед? (1)

Гарчанде ҷавонони навхонадор мешуда ҳангоми интихоби ҳамсар одатан ба ҷиҳатҳои моддӣ-зоҳирии ҳамдигар бештар аҳамият медиҳанд, вале баъд аз ба мурод расидан, нақши асосиро ҷиҳатҳои маънавӣ-равонии ҳамсарон мебозанд.