Усто “намешавад” ва “наметавонам”-ро намешиносад!

Устошаванда нафаре бояд бошад, ки мақсади муайян дошта бошад ва аз ин умри кӯтоҳаш чӣ хостану чӣ кор кардану аз кадом ҳисоб зиндагӣ карданашро хуб донад.

Занҷирро машикан!

Ҳаётро бинобар ҳадаф ва нақшаи муайян зистан санъат аст. Санъат бе шоҳасар вуҷуд дошта наметавонад. Фарди оқил ва масъулиятшинос тӯли ҳаёти хеш дар пайи ба миён овардани чунин як шоҳасар мезияд. Ин фард мудрики ҳақиқати ашё ва ҳодисаҳои коинот аст. Аз ин рӯ кӯшиш мекунад, ки ба қадри ҳар нафас расида, меъросе пас аз худ боқӣ гузорад.