Пудина яке аз гиёҳҳои хушбӯ буда, онро дар хӯроку хӯришҳо барои лаззат бахшидан истифода мебаранд. Дар баробари хушбӯӣ гиёҳи мазкур боз хосиятҳои шифобахш низ дорад. Масалан, он барои рафъи дарди шикам чораи хуб аст. Ба мушакҳо оромӣ бахшида, дардҳои рагкаширо бартараф мекунад.
Бино бар қайди мутахассисон пудина барои муолиҷаи хонагӣ беҳтарин дегафзор аст. Дар таркиби ин гиёҳ зиёда аз сад унсур мавҷуд буда, вобаста ба муҳити парвариш ба навъҳои гуногун тақсим мешавад ва таркиби ҳар навъ аз ҳамдигар фарқ мекунад. Дар маҷмӯ таркиби пудина аз ментол, ментон, флавоноидҳо, фенол, танин, равғани эфир иборат буда, барои рафъи ихтилоҷи (спазм) рӯдаҳо, дарди шикам, иҳтиқофи (гирифтагии) бинӣ ва доруи таскинбахш хизмат мекунанд.
Ҳамчунин пудина барои рафъи мушкилиҳои зайл чораи муассир аст: гармича, илтиҳоби буғумҳо, хориҷ кардани газҳо аз меъда, шамолхӯрӣ, зуком, сулфа, беҳолӣ, дарди сар, сустии ҳазмкунӣ, оруғ, гулӯдард, дилбеҳузурии пагоҳирӯзӣ дар давоми ҳомиладорӣ, дилбеҳузурҳӣ ва қайкунӣ, газидани ҳашаротҳо ва ғайра.
–таҳияи Достиев Неъмат